САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ ДАР МАДДИ НАЗАРИ ВАЗОРАТ

Апрель 21, 2009 10:53

                 Душанбе, 21 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкиму танзими давлатии музди меҳнат, пардохти он, нафақа, мушоракати иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷамъият ба роҳ монда, корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст, -иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Шукурҷон Зуҳуров ба хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ.   Вазир нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти шуғли аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои ба ҷои кори доимӣ таъмин кардани қувваи қобили меҳнат маълумот дод. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат кормандони соҳа бо вазорату идораҳо, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро тақвият бахшида, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.                  Аз ҷониби мақомоти вазорат дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 173 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст.                  Дар ин ярмаркаҳо 2681 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда ба корҷӯён 65 ҳазору 227 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 8820 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки як қисми онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил доданд.                Дар соли ҷорӣ бо сабаби бӯҳрони молиявӣ як қисми маблағи сохтмонӣ кам карда мешавад ва ин муваққатист,-афзуд вазир.                Сипас хабарнигорон атрофи масъалаи доғи рӯз, аз ҷумла роҳҳои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ ва тадбирҳои вазорат дар ин бора, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Апрель 21, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад