ШАҲОДАТНОМАИ ҲАРБИРО ХАРИДА МЕШАВАД, АММО…

Апрель 23, 2009 08:57

                  Душанбе, 23 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Шаҳрванд С.., 22- январи соли 2009 бо ариза ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар вилояти Суғд арз намуд, ки комиссари ҳарбии шаҳри Табошар, полковник Эргаш Имомназаров барои тайёр намудани шаҳодатномаи ҳарби ба додараш аз ӯ маблағи 1000 доллари ИМА талаб карда истодааст. Бегоҳи ҳамон рӯз дар вақти гузаронидани амалиёт аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, Э. Имомназаров ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1000 доллари ИМА дар шоҳроҳи шаҳраки «Ором-Полос»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгир карда шуд. Давоми 2- моҳи тафтишоти пешаки зиёда аз 20 лаҳзаи марбут ба гирифтани пора аз ҷониби ӯ ошкор карда шуд.                 Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати номбурда аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 319 қисми 4, 391 қисми 1, ва 323 Кодекси Ҷиноии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишоти пешаки идома дорад.                 Ба ҳамин монанд собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Чкалов Ш.Б. Сайдалиев ва дигар ҳаммаслаконаш низ барои аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод кардан ва шаҳодатномаи қалбакӣ тайёр карда додан дар 5 ҳолат кирдори ҷинояткоронашон ошкор карда шуд, ки аз ҳар яке дар алоҳидагӣ аз 200 то 500 долари ИМА гирифтаанд. Нисбати онҳо низ аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ бо модаҳои 320, 319, 391, 340 ва 323-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Апрель 23, 2009 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст