ШАРТНОМА БО «РТР — ПЛАНЕТА» БЕКОР КАРДА ШУД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР — Планета» — и Русия минбаъд дар қаламрави Тоҷикистон намоиш дода намешаванд. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ С.Ҳикматов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Вай зикр намуд, ки шартномаи ҳамкорӣ бо шабакаи мазкур ба тариқи якҷониба бекор карда шуд. Тавре хабар дода шуда буд, пахши барномаҳои ширкати телевизионии «РТР — Планета» дар Тоҷикистон ҳанӯз аввали моҳи март қатъ карда шуда буд. Сабаби ин напардохтани қарзи ҷониби Русия барои пахши барномаҳои он дар давоми ду моҳи охир мебошад. С.Ҳикматов афзуд, ки шартнома дар бораи идомаи пахши барномаҳо ва шартҳҳои нави ҳамкорӣ ба Маскав фиристода шуданд. Вале то ҳол аз ҷониби Русия ба он ҷавоб дода нашудааст. Шабакаи телевизионии «РТР — Планета» аз ҳисоби пахши барномаҳояш аз Тоҷикистон зиёда аз 7 миллион рубл қарздор аст. Асбобу анҷоме, ки барои пахши барномаҳои шабакаи мазкур истифода мешуданд, ба ихтиёри шабакаҳои давлатии телевизиони маҳаллӣ дода хоҳанд шуд, гуфт С.Ҳикматов.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






