ШИРКАТҲОИ ТУРИСТӢ МЕАФЗОЯНД

Апрель 11, 2009 11:43

                 Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти турустии Кумита ба 15 субъекти хоҷагидори кишвар иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дода шуд, қайд гардид дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.                 Дар давоми семоҳаи ҳисоботӣ як қатор санадҳои меъёрӣ баҳри сода намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии соҳаи туризм қабул гаштаанд. Ҳуҷҷати мазкур раводиди туристиро ҳамчун навъи алоҳида муайян намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки бо ин раводид вориди кишвар шудаанд, агар мӯҳлати будубоши онҳо зиёда аз 30 рӯз набошад, аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод менамояд.                Инчунин, баҳри муаррифии захираҳои бойи туристии кишвар ва пешбурди маҳсулоти ширкатҳои туристии ватанӣ ба арсаи бозори ҷаҳонии соҳавӣ, моҳи марти соли ҷорӣ ҳайати намояндагонӣ соҳаи туризми кишвар дар кори Намоишгоҳи байналмилалии туристи ITB-2009, дар шаҳри Берлини мамлакати Олмон ширкат варзиданд.

Апрель 11, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд