ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ЛАҲИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 29, 2009 11:47

                  Варшава, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун дар роҳи бозгашт аз Афғонистон ва Покистон дар Лаҳистон таваққуф намуд. Вай дар ин ҷо бо сарвазири Лаҳистон Доналд Туск мулоқот кард. Г.Браун ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи нақшаи нави стратегии Британияи Кабир дар Афғонистон маълумот дод. Сарвазири Британия аз қарори Ҳукумати Лаҳистон дар бораи фиристодани гурӯҳи иловагии хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд.                 Доналд Туск зикр намуд, ки барномаи нави стратегии Президенти ИМА Барак Обама дар Афғонистон сулҳу суботро дар ин мамлакат барқарор карда метавонад. Вай изҳор намуд, ки Лаҳистон тамоми ӯҳдадориҳои дар назди НАТО ба зиммагирифтаашро иҷро менамояд. Аз ҷумла, ба Афғонистон ба таври илова 400 хизматчии ҳарбии лаҳистонӣ фиристода хоҳад шуд. Ҳамин тариқ шумораи хизматчиёни ҳарбии ин мамлакат дар Афғонистон ба 2000 навар мерасад.                                                                               Тарҷумон — Қудратов А. 

Апрель 29, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд