СОХТМОНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ШОҲОН-ЗИҒАР МОҲИ СЕНТЯБР БА ОХИР МЕРАСАД

Апрель 23, 2009 16:07

               Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.               Дар нишасти мазкур оид ба марҳилаи дуюми лоиҳаи « Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» сухан рафт.               Директори лоиҳаи « Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» Исмонқул Шоқулов иттилоъ дод, ки арзиши умумии лоиҳаи марҳилаи дуюм 15,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.    Сарчашмаҳои маблағгузорӣ қарзи Бонки Исломии Рушд 13,77 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,13 млн. доллари ИМА мебошад. Маблағҳои азхудкардашудаи марҳилаи дуюм аз аввали татбиқи лоиҳа 6,94 млн. доллари ИМА, фоизи азхудкунӣ 43,65 % мебошад.                Бояд қайд намуд, ки мӯҳлати сохтмони марҳилаи дуюм, мувофиқи нақша 22 моҳ муайян гардидааст. Оғози кор декабри соли 2007 ва ба анҷом расонидани он моҳи сентябри соли 2009 дар назар дошта шудааст, гуфт Исмонқул Шоқулов.                 Ҳаҷми корҳои сохтмонии лоиҳа асосан корҳои заминӣ ва таркишкорӣ, сохтмони як адад пул, ки дарозиаш 32 м аст, васл ва хобондани қубурҳои обгузар ва обпарто 19 адад, сохтмони деворҳои ҳимоявии роҳ, корҳои бетонӣ ва топографиро дар бар мегирад. Дарозии роҳи сохташаванда 9,75 км ( аз 19,25 км то 29,00 км) ва паҳнои таҳкурсии роҳ 9 м ( 3 — категорияи роҳ) мебошад.                  Бо ин мақсад, мувофиқи нақшаи кории пудратчӣ, кори ҳамарӯза дар ду баст ташкил карда шуда, 177 — нафар коргарони маҳаллӣ,ки 80% ташкил медиҳад, инчунин кормандони ботаҷрибаи хориҷӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.                  Аз ҷониби пудратчӣ техника ва таҷҳизотҳои пуриқтидор ба минтақаи корӣ оварда шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм имрӯз, аз км 19, 250 то км 27, 100 иҷро шуда истодааст.   

Апрель 23, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд