СОЗИШНОМАИ ҚАРЗӢ ТАСДИҚ ГАРДИД
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҶТ нишасти матбуот бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти мазкур оид ба лоиҳаи таҷдиди марҳилаи дуюми роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон сухан рафт. Директори лоиҳа Низом Ҳакимов иттилоъ дод, ки соли 2005 Созишномаи қарзӣ аз тарафи Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд тасдиқ гардид ва соли 2006 ба имзо расид. Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳа 39,5 млн. доллари ИМА, аз ҷумла қарзи БОР-30 млн. доллари ИМА, Фонди ОПЕК 3,5 млн. доллари ИМА, ҳиссаи Ҳукумати ҶТ 9,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Масофаи роҳи автомобилгарди Нуробод — Рашт, 217 км мебошад, 77 км он айни замон дар ҳолати таъмир қарор дорад. Инчунин 8,6 км роҳи назди сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (Қарамиқ) аз нав таҷдид карда мешавад. Тибқи лоиҳаи номбурда 60 км роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки барои беҳтар кардани он аз лоиҳа маблағи муайян пешбинӣ шудааст.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






