СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 101 ПАРВАНДАРО БАРРАСӢ НАМУД
Душанбе, 20 апреля. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 парванда, ки аз он 49 парванда дар марҳилаи аввал, 9 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 31 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 12 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ шудаанд, -гуфт раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхоҷа Ғоибназаров дар нишасти матбуотие, ки 20 апрел дар Душанбе шуда гузашт. Инчунин, номбурда қайд кард, ки маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда ба фоидаи даъвогарон як миллону 646516, сомониро ташкил дода, аз ҳамин ҳисоб маблағи 64784, 75 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Дар ин давра Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ асосан парвандаҳоро вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шаҳрвандонро дар соҳаи соҳибкорӣ, хусусигардонидании амволи давлатӣ, рӯёнидан зарар, беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи муҳити зист, шартномаҳои кредитӣ, гарав ва дигар дараҷаҳои парвандаҳоро баррасӣ намуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






