ТАҒЙИРОТ БА БУҶА

Апрель 13, 2009 11:39

                Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 8-уми апрел дар маҷлиси панҷуми сессияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонун ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он Кумитаи ҳифзи муҳити зистро аз парокандашавӣ наҷот дод.                 Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандқул Зикиров, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷкистон 9 барномаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ шудааст.                 Боиси таассуф аст, ки ягон барнома аз ҷониби давлат маблағгузорӣ нагардидааст.                 То 8-уми апрел амалӣ шудани барномаҳо як тараф, маоши кормандони милитсияи экологиро бо сабаби дар буҷет барои соли 2009 пешбинӣ нашудани маблағ пардохт карда натавонистем.                 Барои амалӣ шудани барномаҳо дар як сол 11-13 млн. сомонӣ зарур аст.

Апрель 13, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд