ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСОИДАТ БА БЕЗАРАР ГАРДОНДАНИ МИНАҲО ДАР ҶТ

Апрель 6, 2009 15:51

                 Душанбе, 6 апрел (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 4 апрел Рӯзи байналмиллалии мусоидат ба безараргардондани минаҳо таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз таҳти васояти Ҳукумати Тоҷикистон дар «Кохи Ваҳдат» бахшида ба ин санаи муҳим ҷамъомади калон баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси Комиссияи Ҳукумати ҶТ дар масъалаи амалӣ сохтани ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ, вазири адлия Бахтиёр Худоёров сухан кард.                   Ҳамчунин намояндагони Муассисаи рушди СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҷамъомади мазкур суханронӣ карданд. Ба иштирокчиёни ҷамъомад техника ва асбобу анҷоми безарар гардонидани минаҳо намоиш дода шуд. Меҳмонон ҳамчунин бо лавҳаҳо дар бораи дастовардҳои муассисаҳои огоҳкунӣ аз хавфи мина ва кӯмак ба осебдидагони минаҳо шинос гардиданд.                  Онҳо ба асарҳои тарбиягирандагони коллеҷи бадеии ш. Душанбе ба номи М. Олимов мароқ зоҳир намуданд, ки ба мавзӯи «Оқибатҳои ҳалокатовари таркиши мина ба ҳаёти одамон ва даъват ба мубориза ба муқобили мина» бахшида шуда буданд. Ҳар сол дар саросари ҷаҳон аз таркиши мина қариб 15-20 ҳазор нафар ҳалок ва ҳар 30 дақиқа як нафар маҷрӯҳ мегардад. Аз се як ҳиссаи онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти омор, дар Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 2009 аз таркиши мина ва лавозимоти дигари ҷангии нотаркида қариб 800 нафар зарар дид, ки нисфи онҳо ҳалок шуда ва нисфи дигарашон маҷрӯҳ шуданд.                  Танҳо соли 2008 аз таркиши минаҳо ва лавозимоти дигари ҷангии нотаркида 4 нафар ҳалок ва 9 нафар маҷрӯҳ шуд.  

Апрель 6, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид