ТАФТИШИ СИФАТИ МАВОДИ ХӮРОКА
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мутахассисони агентии «Тоҷикстандарт» барои муайян намудани шароити истеҳсол ва фурӯши маводи хӯрокаи гӯштӣ ва ширӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ тафтиш гузарониданд. Бо ин мақсад мағозаҳои хӯроквории «Сафар», «Идигул» ва «Нодира» тафтиш карда шуданд, ки дар онҳо асосан навъҳои гуногуни ҳасибу колбаса фурӯхта мешуд. Дар ин мағозаҳо маҳсулоти корхонаҳои ҳасиббарории шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта мешаванд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки ҳамлу нақл, фурӯш ва нигоҳ доштани маҳсулоти гӯштӣ ба талаботи стандартӣ давлатӣ мувофиқ нест. Дар ин мағозаҳо навъҳои гуногуни колбаса нишонаҳои қалбакии молӣ дошта, дар онҳо таърихи рӯзи истеҳсолашон нишон дода нашудааст. Мутахассисон намунаи тамоми навъҳои колбаса ва ҳасибро гирифта барои тафтиш ба озмоишгоҳи агентӣ фиристоданд. Маълум гардид, ки ҳамаи онҳо ғайриқобили истеъмол буда, ба саломатии одам зарар доранд. Аъзои комиссия дӯконҳои шахсии соҳибкорон К.Хидиров, Х.Абдушукуров, коргоҳи колбасабарории Н.Ҷалолов, мағозаҳои шахсии А.Сафаров, О.Ҳайдаров, Н.Юнусов, Р.Наҷмиддинов ва дигаронро тафтиш намуда, фурӯши колбасаро дар онҳо манъ намуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






