ТАЙЁРӢ БА МАРОСИМИ ҲАҶ

Апрель 1, 2009 09:45

                    Душанбе, 1 апреля. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандони мамлакатро ба ҳаҷ ва умра тасдиқ намуд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд, муқаррар намудани тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷи умра ҳамчун мақоми марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.Онҳое, ки як бор ҳаҷ карданд, танҳо бо гузашти 5-сол баъди сафари қаблӣ ба ҳаҷи навбатӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Синни ҳаҷравандагон аз 18 то 80-сола муқаррар карда шудааст. Ҳамроҳӣ намудани пиронсолони синну соли нафақа мувофиқи матлаб буда, ба сафари занҳо танҳо бо ҳамроҳии шахсони маҳрамашон иҷозат дода мешавад.                    Роҳбаладон дар асоси озмун аз ҷумлаи донандагони забони арабӣ, маносики ҳаҷ ва кормандони иттиҳодияҳои динӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, синну соли онҳо аз 25 то 50-сола муқаррар мегардад.                    Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро ба салоҳияти худ гирифтааст: Дар ҳолатҳои зарурӣ барои сафар кардан дар ҳайати гурӯҳи корӣ ва ё бо дигар сифате, ки барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ зарур аст, мутахассисони касбиро дар асоси шартномаи меҳнатӣ ҷалб менамояд, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводид, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати муташаккилона гузаронидани ҳаҷ ва фиристодани гурӯҳҳои корӣ ба Арабистони Саудӣ муроҷиат менамояд, бо Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» барои ташкили сафари ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ ва оид ба хизматрасонӣ ба онҳо дар фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома имзо мекунад ва қабл аз ду моҳи оғози сафари ҳаҷ ҷадвали мувофиқашудаи рафту баргашти ҳоҷиёнро талаб менамояд ва ғайраҳо.                     Хизматҳои Вазорати фарҳанг дар мавриди гузаронидани сафари дастаҷамъӣ ба ҳаҷ, масрафҳо барои таъмини роҳбаладии гурӯҳҳои ҳоҷиён, хизмати аввалияи тиббӣ ва дигар хизматҳои вобаста ба сафари дастаҷамъии ҳаҷ аз ҷониби зоирон дар асоси шартнома пардохт карда мешаванд.

Апрель 1, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд