ТАНГАИ БМТ ДАР ОЗМУНИ «МОНЕТНОЕ СОЗВЕЗДИЕ – 2009»
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 15 апрели соли равон овоздиҳии интернетӣ аз рӯи озмуни «Монетное созвездие — 2009», ки аз ҷониби нашриёти «Уотер Марк» -ношири маҷалла дар бораи бозори тангаҳои хотиравӣ «Золотой червонец» ва маҷалла оид ба маҳсулоти ҳимоявӣ «Водяной знак» созмон дода шудааст, оғоз ёфт. Дар озмуни номбурда тангаҳои Бонкҳои марказӣ ва Сиккахонаҳои қариб 70 мамлакати дунё ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Ин озмун то 31 майи соли ҷорӣ идома меёбад. Тангаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба озмуни зикршуда пешниҳод шудаву дар он ширкат меварзад, ба ифтихори 1150 -солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шуда буд. Мавриди зикр аст, ки дар саҳифаи интернетии Бонки миллии Тоҷикистон баннери озмуни мазкур бо ишора ба овоздиҳии интернетӣ ҷой дода шудааст. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз муштариён ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки тангаи миллии тоҷикро, ки дар озмун иштирок дорад, дастгирӣ намоянд ва мавқеи худро ба ҷонибдории он дар саҳифаи http://www.coinconference.com/cgi-bin/coins2009_rus изҳор намоянд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






