ТАРАФДОРОНИ СОЗМОНҲОИ МУХОЛИФИН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН ТАЪҚИБ КАРДА МЕШАВАНД

Апрель 6, 2009 11:44

               Бишкек, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» — ТРЕНД). — Қувваҳои мухолифи Ҳукумати Қирғизистон бори дигар изҳор намуданд, ки тарафдорони онҳо аз ҷониби мақомоти қудратии мамлакат таъқиб карда мешаванд. Аз ҷумла, ҳизби сотсиалистии «Ота — макон» вакили парлумон аз гурӯҳи ҳизби сотсиал — демократӣ Исо Омурқуловро таҳти ҳимоя қарор дод, ки нисбати он парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. И.Омурқулов барои гирифтани маблағи калони ришва гунаҳкор карда мешавад. Мухолифин ин иқдоми мақомоти мамлакатро таъқиботи сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи роҳбарони созмони «Ота — макон» сабаби асосии кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбати Исо Омурқулов мавқеи фаъолонаи ӯ мебошад. Номбурда инчунин, дар байни ҷомеа обрӯю эътибори калон дорад, вай яке аз сиёсатмадорони маъруфи мамлакат ба шумор меравад. Ба ақидаи мухолифин, таъқиботи сиёсии тарафдорони онҳо дар арафаи интихоботи президент суст намудани мавқеи мухолифин мебошад.  

Апрель 6, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд