ТАШРИФИ НИКОЛАЙ БОРДЮЖА БА ТОҶИКИСТОН
Маскав, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Мухбири АМИТ «Ховар» аз Маскав хабар дод, ки Муншии умумии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа субҳи имрӯз барои боздиди кории дурӯза ба Тоҷикистон рафт. Н.Бордюжа ба хабарнигорон гуфт, ки сафари Тоҷикистон аз рӯи нақша сурат мегирад ва ҳадафи он муҳокимаи масъалаҳои тайёрӣ ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмон ва баррасии тадбирҳои ҷараёни иҷрои маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аст, ки моҳи феврал баргузор гардида буд. Инчунин, зимни сафар масъалаҳои марбут ба ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ муҳокима карда мешаванд. Николай Бордюжа зимни сафар бо Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон, Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ А.Азимов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ, вазири мудофиа Ш.Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҳ.Абдураҳимов, вазири корҳои дохилӣ А.Қаҳҳоров ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон Г.Латифов мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои беҳтар сохтани фаъолияти СААД, таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбию иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмон ва вазъияти Афғонистон муҳокима карда мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






