ТО ҶАШНИ ЗАБОНИ ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУН ҚАБУЛ МЕШАВАД

Апрель 10, 2009 17:06

                  Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вақтҳои наздик лоиҳаи нави Қонуни забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баррасӣ ба парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, ки он бояд то ҷашни 20-солагии қабули Қонуни забон қабул карда шавад.                 Назар ба иттилои роҳбари дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Ҷӯраев, идеяи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни забони кишвар ҳанӯз соли 2004 ба миён омада буд. Дар робита аз ҳисоби донишмандон ва забоншиносони шинохтаи ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, ки дар асоси он дар тамоми моддаҳои қонун тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.                  Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳанӯз 20 сол муқаддам, аниқтараш 22 июли соли 1989 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд ва он аз 8 боб ва 37 модда иборат аст. Бо мурури вақт дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷттимоию фарҳангии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Ва ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни забон, ҳифзи забони модарӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо дар шароити глобализатсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани мақоми забони модарӣ дар миқёси байналмилалӣ аст.                 Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар ҷумҳурӣ баргузории нишасту конфронсҳои байналмилалӣ, ба имзо расонидани қарордодҳо, муносибатҳои дипломатӣ, бахусус забони мукотиба бо сафоратхонаҳо, пазироӣ, ҷаласаҳо ба забони давлатӣ сурат мегирад.                Ғаффор Ҷӯраев мегӯяд, ки алҳол тибқи санҷишҳои анҷомдодаи аъзои Комиссияи татбиқи қонуни забони назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар аксари мақомоти иҷроияи ҷумҳурӣ коргузорӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мақомоти идории кишвар (вазорату идораҳо) 60-70 фоизи коргузорӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, ки он бар хилофи қонуни забони тоҷикӣ аст.                 Масъалаи ҳифзи забони давлатӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар махсус зикр гардида буд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯстро месазад, ки дар ҳифзу покизагии забони модарии худ устувор бошад.

Апрель 10, 2009 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид