ТОҶИКИСТОН ВА НАТО: «ШАРИКИ БАҲРИ СУЛҲ»

Апрель 21, 2009 17:11

                Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Девид Хоббсро ба ҳузур пазируфт.               Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди хамкорихо дар чахорчӯбаи барномаи «Шарикӣ бахри сулх» ва Накшаи инфиродии хамкорӣ бо НАТО бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии пешомади Тоҷикистон ба барномаи «Банакшагирӣ ва ҷараёни тахлил» низ василаи хуби рушди хамкорихои минбаъда хохад шуд».               Девид Хоббс дар навбати худ изҳор дошт: «Мо нақши эътидоловарии Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ басо арзишманд мешуморем ва ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем».               Дабири Кулли Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо он мувозинатеро, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ҳамсояи худ риоя мекунад, пурарзиш ва ибратбахш медонем».                Зимни суҳбат оид ба пешниҳодҳо баҳри дар Тоҷикистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази наҷотдихӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                Густариши робитаҳои Ассамблеяи Парлумонии НАТО бо Маҷлиси Олии Тоҷикистон воситаи хуби рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таъмини заминаи ҳуқуқии он маънидод гардид.Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва тоза кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда анҷом дода шуд.               Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон изҳор дошт: «Амалиётхои низомӣ дар Афгонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истехсоли маводи мухаддир ва хамчунин бо татбики васеи барномахои иктисодӣ ва халли масъалахои иҷтимоӣ дар ягонагӣ сурат гиранд, зеро бе бартараф сохтани монеахои вобаста ба ин масъалахо раванди сулх мухлати тӯлонӣ ва масрафи зиёд мехохад».               Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт: «НАТО чун ҷузъи мухими нерӯҳои таъмини сулх дар Аф?онистон бояд бо мамолики хамсоя, хусусан бо Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо ин кишвар сархади аз хама тӯлонӣ дорад, хамкории фаъолонаро ба рох монад» ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.  

Апрель 21, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад