«ТОҶИКСУҒУРТА» ФАЪОЛИЯТАШРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД

Апрель 16, 2009 16:35

                 Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 16 апрели соли ҷорӣ дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2009 баргузор гардид.                 Дар он раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон Аловиддин Сатторов баромад намуда, қайд кард, ки Ширкати мазкур фаъолияти кории худро бо ду шакли суғурта амалӣ мегардонад. Суғуртаи ихтиёрӣ ва суғуртаи ҳатмӣ. Имрӯз аз рӯи 36 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд.                  Дар семоҳаи аввали соли 2009 Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳамагӣ 208,7 ҳазор шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз ин 72,9 ҳазортош аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва 135,9 ҳазортош аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.                   Инчунин Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 1 миллиону 550,9 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ҳақгузорӣ намудааст, ки ин нисбати маблағи дар семоҳаи авали соли сипаригардида ҳақгузоришуда 299.0 ҳазор зиёд мебошад.                   Дар фарҷом А. Сатторов ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.   

Апрель 16, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд