«ТОҶИКСУҒУРТА» НИЗ БА ХУРОСОН КӮМАК КАРД

Апрель 30, 2009 18:17

                         Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» баъди маҷлиси сайёр дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, ки 24 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон нисбати дастгирӣ ва кӯмаки аҳолии зарардидаи ноҳия аз ҳодисаи табиӣ баргузор гардида буд, ба зарардидагоне, ки дорои полиси суғуртавӣ буданд ба маблағи 26 ҳазору 380 сомонӣ товони зарар пурра пардохт карда шуд.                          Инчунин, 30 апрел баъди анҷоми машварати дар назди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» иқдом гирифт, ки ба таври иловагӣ ба зарардидагони ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ ба андозаи 240 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд, ки ин маблағ худи ҳамон рӯз ба суратҳисоби шӯъбаи давлатии суғуртаи ноҳия гузаронида шуд.                         Ин маблағ барои дастгирӣ ва тармими 87 хонаҳои истиқоматӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд равона карда мешавад. Аз ин миқдор ба 22 адад хонаҳои истиқоматие, ки бо тамоми молу амволаш пурра зарар дидаанд, ба ҳар кадоми онҳо 5 ҳазор сомонӣ, ба маблағи умумии 110 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.                          Ба 65 адад хонаҳои истиқоматие, ки қисман зарар дидаанд ба ҳар кадоми онҳо 2 ҳазор сомонӣ, ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ дода мешавад.                          Бояд гуфт, ки ҷамъулҷамъ Ширкати давлатии «Суғуртаи Тоҷикистон» ба мардуми зарардидаи ноҳияи Хуросон ба маблағи 266 ҳазору 389 сомонӣ ёрии беғаразона ва пардохти суғуртавӣ расонид.  

Апрель 30, 2009 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд