ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВОМЕХӮРАНД

Апрель 20, 2009 16:50

                  Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи гузаронидани вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 20 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.                 Дар ҷаласа, ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи туризм», «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Апрель 20, 2009 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд