ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЧЕХИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътиборномаи сафири кабири Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетскиро қабул намуд. Сафир баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат бо хабарнигорон сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр намуд, ки мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят мароқовар ва самарабахш буд. «Мо вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Чехияро мавриди таҳлил қарор додем. Бояд гуфт, ки равобити иқтисодии ҳар ду кишвар сол то сол вусъат меёбад. Ман сафири сеюми Чехия дар Тоҷикистон мебошам», — гуфт Р.Капетски. Вай афзуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи хар ду кишвар муҳокима карда шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Мо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо муҳокима кардем. Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Чехия айни ҳол раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад». Ба қавли сафир, Тоҷикистону Чехия айни ҳол муносибатҳои хуби сиёсӣ доранд. Ба ин сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Прага дар соли 2004 шаҳодат медиҳад. Аз он рӯзҳо 5 сол гузашт ва мо имрӯз изҳор намудем, ки марҳалаи нави ҳамкориро шурӯъ кардан лозим аст. Дар робита масъалаи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Прага мавриди муҳокима қарор гирифт. Моҳи май дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Дар робита бо ин ташрифи вазири корҳои хориҷии Чехия ба Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Умед аст, ки ҳамаи ин ба Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани захираю имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои калон муҳайё хоҳад сохт. Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиҷорат ва соҳибкорӣ самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. Имрӯз намунаҳои аввалини сармоягузориро аз Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Тавре хабар дода шуда буд, Чехия барои тармиму таҷдид ва беҳтар сохтани фаъолияти корхонаи сементбарорӣ маблағ ҷудо кардааст. Соҳибкорони Чехия дар бобати сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ таҷрибаи калон доранд. Мо ду сол пеш ҳамчун кӯмак ба Тоҷикистон таҷҳизоти нахустини тоза кардани обро оварда будем, гуфт сафири Чехия. Тарҷумон — Қудратов А.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






