ЯРМАРКА: НАМОЯНДАГОНИ КОРХОНАҲОИ ИСТАРАВШАН РӮЙХАТ НАДОШТАНД!

Апрель 2, 2009 15:53

                      Истаравшан, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло).- Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ки аз ҷониби Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоию шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Истаравшан дар назди Омӯзишгоҳи касбию техникии №14 доир гардид, 19 ташкилоту муассисаи шаҳр иштирок доштанд. 333 адад ҷойи холии кор ва вазифаҳои озод пешкаши корҷӯён гардид.                 Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳр Насим Баҳриддинов, дар ярмарка ҳамагӣ 21 нафар корҷӯён соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардида, ба 36 нафар шаҳрванд барои кор роҳхат дода шудааст. 14 нафар духтарону занон майли омӯзиши касби дӯзандагӣ бо роҳи шомил шудан ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ кардаанд.                 Ҳарчанд дар ярмарка маҳсулоти истеҳсолкардаи касбомӯзони ОКТ №14 ва маркази таълими модулӣ ва дастгирии соҳибкории шаҳр ба маърази тамошои бинандагон гузошта шуда буд, аксари онҳо ба замони Шӯравӣ тааллуқ доштанд. Гузашта аз ин, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр, ки паси мизу навиштаҷоти ифодакунандаи коргоҳашон менишастанд, назди худ рӯйхати ҷойҳои холии кор ва музди маоши онҳоро надоштанд, яъне ҳамроҳи корафтодагон шифоҳӣ сӯҳбат мекарданд. Дар варақаҳои мавҷуда бошад, ҳадди ақали маоши коргарон аз 100 то 220 сомониро ташкил медод, ки бо чунин маош касе худ ва аҳли оилаашро пӯшонидаю хӯронида наметавонад.                                                                        Таҳрири Жасмин Назарова 

Апрель 2, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд