Қ. РАСУЛЗОДА ВА Ҳ. АКБАРӢ МАСОИЛИ ҶАВОНОН БАРРАСӢ КАРДАНД

Май 18, 2009 14:55

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 май раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.                      Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилооъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро миёни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор доданд.                       Тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо тадбирҳо андешида шавад.                     Зимни сафари хеш ба вилояти Суғд Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ дар тӯйи хонадоршавии 50 ҷуфт ҷавон, ки бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Кумитаи байналмиллалии Имдоди Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон барпо гардид, ширкат кард. Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ва муовини Раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев навхонадоронро бо рӯзи висол таҳният гуфта, ба ҳар кадоме аз оилаҳои ҷавон аз ҳисоби Имдоди Ҳумайнӣ ба маблағи 1,5 ҳазор долларӣ ҷиҳози тӯёна тақдим намуданд.                       Худи ҳамин рӯз 25 нафар беҳтарин хатмкунадагони курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ дар маркази вилоят низ аз Имдоди Хумайнӣ мошинҳои дарздӯзӣ тӯҳфа гирифтанд.                       Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш пас аз нисфирӯзӣ аз мавзеъ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихии вилоятӣ ва комплекси таърихии Шайх Муслиҳиддин дидан карданд.

Май 18, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд