12 ОМӮЗГОР БА ЛАҲИСТОН МЕРАВАНД
Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Созмони ҷаҳонии Лаҳистони «Партнёр» ба хотири таъмири 2 бинои мактаби ҳамагонии ВМКБ 10 ҳазор евро ҷудо намудааст. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, созмони номбурда инчунин мақсад дорад, ки дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ ҳиссагузорӣ намояд. Тибқи маслиҳати қаблӣ имрӯзҳо 24-нафар беҳтарин омӯзгорони фанҳои дақиқу табиатшиносӣ омодаи сӯҳбат бо намояндагони ин созмонанд,- Рӯзҳои наздик намояндагони «Партнёр» вориди Бадахшон гардида, баъди сӯҳбат 12-нафар беҳтаринҳоро интихоб мекунанд. Ин нафарон дар Лаҳистон дар курси вижа маҳорати касбии худро баланд мебардоранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






