ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ САНОАТӢ ДАР ВАҲДАТ ЗИЁД ШУД

Май 25, 2009 12:22

                         Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли 2009 дар шаҳри Ваҳдат корхонаи таъмири механикӣ , ҶСНК «Керамзит», ҶСНП «Пахта», муассисаи ислоҳии 3/2, ҷамъияти матлубот, ҶММ «Ҷасур», ҶДММ «Соҳили обод» аз иҷрои нақшаҳои худ баромаданд. Корхонаҳои ҶСНК «Керамзит», ҶСНП «Пахта», ҶСК «Қисмҳои эҳтиётӣ», матбаа, ҷамъияти матлубот ва ҶММ «Ҷасур» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 -2,6 баробар ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулотро зиёд намуданд.                       Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1 дона кран-балка, 173 метри кубӣ керамзит, 36 ҳазор нусха бланкаҳо, 1 тонна банд, 579,6 ҳазор қуттиии шартӣ консерва ва шарбатҳо, 600 ҳазор дона хишт, 32,7 тонна нон, 2,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 454 тонна орд, ва 116 тонна сабӯс истеҳсол карда шудааст.

Май 25, 2009 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад