ҲАФТАИ ФИЛМҲОИ ТУРКӢ
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 май дар шаҳри соҳили Сир — Хуҷанд ҳафтаи филмҳои туркӣ оғоз меёбад. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Шӯрои итилоотию фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Назар ба иттилои муовини мушовир оид ба фарҳанг ва туризми Сафорати Туркия дар Душанбе Некрӯз Самиев ҳадаф аз ташкили ҳафтаи филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон шиносоии мардуми тоҷик бо филмҳои нави истеҳсоли синамогарони турк, вазъи синамо дар Туркия ва тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Туркия аст. Тӯли ду рӯз 14 ва 15 май сокинон ва меҳмонони Хуҷанд имкон доранд, ки дар «Маркази ҷавонон» филмҳои истеҳсолнамудаи синомагарони Туркия ба монанди «Падар ва писари ман», «Фариштаи сафед», Дабистон», «Шаъбон савора пеши ман биё», «Се маймунча» ва ғайраро тамошо намоянд. Ин филмҳо ҳаёт, муҳити хонаводагӣ, эҳтироми кӯҳансолон, муҳаббати самимӣ ва дигар фазилатҳои неку ҳамидаи инсониро таҷассум намуда, дорои хусусияти баланди тарбиявӣ мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки филмҳои туркӣ аз 11 то 13 май дар шаҳри Душанбе дар «Кохи Ҷомӣ» ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






