ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИК БА ТЕҲРОН РАФТ

Май 5, 2009 12:25

               Душанбе, 5 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз ҳайати 70-нафараи намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.              Дар маросими гусели фарҳангиёни тоҷик ба Теҳрон, ки дар саҳни ҳавлии Сафорати ин кишвар дар Душанбе баргузор шуд, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон сухан кард.             Дипломати эронӣ зикр кард, ки дар байни намояндагони беш аз сад кишвари ҷаҳон, ки дар намоишгоҳи китоб иштирок менамоянд, намояндагони Тоҷикистон ҳайати бузургтарин дар ин чорабинӣ ба шумор меравад. Ҳайати Тоҷикистон зимни сафар ба Эрон аз ҷониби Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии ин кишвар пазироӣ мегарданд. Онҳо ҳамзамон аз ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии Эрон боздид менамоянд.          Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» аз 6 то 16 май баргузор гардида, дар доираи он 10 май Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Май 5, 2009 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ