ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КӮМАКИ ТИББӢ БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТ
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 16 май дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи расондани кӯмаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ» маҷлиси гурӯҳи кории Шӯрои тандурустии Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони Котиботи Ҷомеаи иқтисодии Евразия ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раиси Котиботи Кумитаи ҳамгироии ҷомеаи мазкур вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва раиси гурӯҳи кории он сардори раёсати ташкили хизмати тиббии вазорат Ӯктам Бобохоҷаев мебошанд. Дар маҷлис лоиҳаи созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ҷомеа дар соҳаи расондани кӯмаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ маъқул дониста шуд. Созишнома ба Котиботи Кумитаи ҳамгироии ҷомеа фиристода мешавад. Маҷлиси навбатии Шӯрои тандурустии ҷомеа моҳи июн дар Маскав баргузор мегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






