ҲАМКОРИҲОИ «ОРИЁНБОНК» БО «КОМЕРЦБАНК АГ» ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» мулоқоти намояндаи пешбарандаи «Коммерцбанк АГ» (Олмон) доктор Додо Тёнс ва гурӯҳи кории бонк бо сарварии муовини раиси Раёсати бонк Лола Салимова баргузор гардид. Дар рафти мулоқот Додо Тёнс ба масъалаҳои гирифтории Тоҷикистон, хусусан Ориёнбонк, ба зуҳуроти бӯҳронӣ, инчунин бо нақшаҳои бонк оид ба бартараф намудани душвориҳо ва роҳи баромад аз вазъияти ба миёномада, ҳавасмандии худро изҳор намуд. Доктор Додо Тёнс манфиатдории «Коммерцбанк АГ»-ро, ки новобаста ба ислоҳоти вориднамудаи бӯҳрон, баҳри ташаккулдиҳии боз як бонки бузург чун Deutsche Bank, бо дастгирии давлатӣ дар хариди як бонки номии давлати худ — Dresdner Bank иштирок менамояд, баён намуд. Аз рӯи шартҳои ҳамкорӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаи лимити кушодашуда барои маблағгузории тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, шартҳо, шаклҳо ва мақсаднокии истифодаи он баррасӣ гардид. Доктор Тёнс қайд кард, ки мақсаднокӣ — маҳаки асосии ҷудо кардани лимит дар ин самт ба ҳисоб меравад. Нисбат ба ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ амалиёт бо пулҳои қоғазӣ, масъалаҳои ҷудо кардани лимит барои МБК муҳокима гардида, якчанд таклифот, аз қабили фаъолнокии амалиёт дар бозори Forex; ҳамроҳшавӣ ба низоми клирингии TARGET 2, ки дар бозори байналхалқӣ дар баробари низоми ЕВА фаъолият менамояд ва муддати гузаштани пардохтҳои байни институтҳои молиявиро ихтисор намуда, амнияти онҳоро ба таври максималӣ кафолат медиҳад, пешниҳод шуданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






