ҲАМКОРИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ

Май 20, 2009 10:10

                        Маскав, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 21 май дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси Шӯрои варзиш ва тарбияи ҷисмонии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки иштирокдори созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.                        Иштирокчиёни маҷлис масъалаи гузаронидани мусобиқаи байналхалқии футболро барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика муҳокима мекунанд. Маҷлиси мазкур хусусияти ташкилӣ дорад. Дар он раиси Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мамлакатҳои иштирокдори созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиши ИДМ интихоб карда мешавад.                      Ёдовар мешавем, ки сарони ҳукуматҳои ИДМ соли 2007 дар Ялта созишномаи ҳамкориро дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ имзо карда буданд. Ҳуҷҷат муҳайё сохтани шароити мусоидро барои ривоҷ додани харакати олимпӣ, дар қаламрави ИДМ паҳн намудан ва дастраси ҳамдигар гардондани иттилоот дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ, гузаронидани мусобиқаҳои оммавӣ дар байни аҳолӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддии тадбирҳои варзишӣ, тайёрӣ ба Бозиҳои олимпӣ, мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд.

Май 20, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад