ҲУНАРПЕШАГОНИ ОЗОДИ ҚИРҒИЗ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони Театри академии опера ва балети Қирғизистон Ойзода ва Эмил Оқматовҳо дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ машқ мекунанд. Онҳо дар ин ҷо мувофиқи қарордод кор хоҳанд кард. Ойзода ва Эмил Оқматовҳо зану шавҳар буда, дар Театри Марияи шаҳри Санкт — Петербург маҳорати худро сайқал додаанд. Ойзода ҳунарпешаи хизматнишондодаи Қирғизистон ва Эмил барандаи ҷоизаҳои бисёр озмунҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, озмуни рақси балети ба номи Малика Собирова мебошанд. Оқматовҳо худро ҳунарпешагони озод меноманд, зеро онҳо солҳои охир зуд — зуд ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, дар театрҳои бисёр мамлакатҳо мустақилона ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунарпешагони қирғиз ният доранд, ки барои тамошобинони тоҷик барномаи калони консертӣ тайёр кунанд. Онҳо қарор додаанд, ки намошномаи «Жизел» — ро дар саҳнаи Театри опера ва балети Тоҷикистон ба саҳна гузоранд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






