ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК БА МОСКАВ МЕРАВАНД
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Аз 31 май то 28 июни соли равон дар Федератсияи Русия барои ҳунарпешагони ҷавони касбии мамлакатҳои ИДМ ва хориҷӣ мактаби байналмилалии тобистонаи театрӣ ташкил карда мешавад. Ташаббускори ташкили мактабҳои Иттифоқи ходимони театрҳои Русия мебошад. Ба мактаби мазкур 2 ҳунарпешаи театри руси драмавии Тоҷикистон ба номи В. Маяковский Елена Князева ва Марина Ярмольник низ даъват шудаанд. Онҳо дар мактаби мазкур маҳорати касбӣ ва нутқи саҳнавии худро такмил дода, дар машғулиятҳои акробатикаю шамшербозӣ ширкат меварданд. Ба ҳунарпешагони ҷавон устодони санъати Русия дарс медиҳанд. Ҳунармандон дар чор асари саҳнавӣ иштирок намуда, бо ҳунарпешагони машҳур: Александр Колягин, Петр Фоменко, Лев Додин, Леонид Хейфец, Олег Табаков, Галина Волчек, Юрий Саломин ва Валерий Фокин мулоқот хоҳанд кард. Дар соли 2007-2008 210 ҳунарпеша аз 30 мамлакатҳои ИДМ, Балтия, Европа ва Осиё дар ин мактаб таҳсил карда буданд. Роҳбари бадеии мактаб — Раиси иттифоқи ходимони театрии Федератсияи Русия, ҳунарпешаи халқии Русия — Александр Калягин мебошад. Имрӯз ҳунарпешагони тоҷикистонӣ Е. Князева ва М. Ярмолник ба Москав мераванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






