Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ 36 ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СКИ

Май 25, 2009 10:44

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Димишқ — пойтахти Ҷумҳурии Сурияи Араб иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ ба кори худ шурӯъ кард.Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Сурияи Араб Башшор Асад ва Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу суханронӣ карданд. Сипас маросими имзои Ойинномаи нави Созмон доир гардид, ки онро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имзо ба имзо расонд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.                       Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси нахустин кишвари минтақа санади мазкурро тасдиқ ва имзо кардааст.                        Сипас дар ҷаласаи рӯзи аввали кори иҷлосия Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон суханронӣ карда, назари Тоҷикистонро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони ислом манзури ҳозирин намуд ва омодагии кишварро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо кишварҳои узви Созмон таъкид дошт.                       Кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ идома дора

Май 25, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд