ҶАВОНОН КАСБ МЕОМӮЗАНД

Май 25, 2009 16:34

                          Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар ВМКБ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ба касбомӯзии ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Чунончи, дар мактаби маълумоти касбии Донишгоҳи Осиёи Миёна, ки маркази вилоят ҷойгир аст, барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ маҳфили дарҳои кушод доир гардид. Некрӯз Сарбаландов, як тан коршиноси Донишгоҳ мурод аз тавлиди маҳфилро дар ошно намудани хатмкунандагони макотиби миёна, ки баъди чанде ба ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд, бо барномаҳои донишгоҳ арзёбӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки аз соли 2006 то имрӯз беш аз 3000 нафар ҷавонон бо ихтисосҳои гуногун онро хатм намуданд. Онҳо на танҳо дар вилоят, ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ босамар кор мекунанд. Ҷавонон дар ин ҷо касбҳои челонгарӣ, компютер, харротӣ, деворгарӣ, ҷелонгарӣ барқӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва ғайраро аз худ мекунанд. Ин курсҳо дар чанд соли оянда низ ҷавононро касб меомӯзанд.

Май 25, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд