125 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Май 21, 2009 13:20

                         Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо воситаи Ҷамъияти Ҳамкории Техникии ин мамлакат барои расонидани кӯмак ба зарардидагони боришҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Хуросон 125 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.                        Маблағи мазкур ба тариқи илова ҷудо карда, ба ҳисоби намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Маблағи кӯмак барои харидану тақсим кардани асбобу анҷоми зарурии рӯзгор сарф карда мешавад.                        Қайд кардан зарур аст, ки рӯзи 21 апрел дар 3 қишлоқи ноҳияи Хуросон 60 хона дар натиҷаи омадани сел вайрон шуд. Беш аз 1500 одам зарар дид. Рӯзи 14 май боз сел омад ва 120 хонаро вайрон кард.                     Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон имконияти ҷудо кардани маблағро барои барқарорсохтани хонаҳои харобгардида баррасӣ менамояд.  

Май 21, 2009 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд