135 ҶОИ КОРӢ ДАР МЕҲМОНХОНАИ «СЕРЕНА»
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Лоиҳаи меҳмонхонаи «Серена» зери роҳбарии Tourism Promotion Services ташкилоти Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), ки таҷрибаи зиёд дар соҳаи туризми Осиёю Африка дорад, сохта мешавад. Амсилаи (макети) ин иншоот қариб пурра сохта шудааст. Сохтмони онро иттиҳодияи байналмилалии молиявии (IFC) аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва ширкати Tourism Promotion Services TaJikstan ба ӯҳда дорад. Алҳол ин иттиҳодия 7 млн. доллар ҷудо намудааст. Меҳмонхона аз 85 утоқи зист ва 10 ҳуҷраи бошукӯҳ иборат хоҳад буд. Сохтмон босуръат давом дорад. Баъди ба истифода додан андози ба буҷа вордшаванда дар давоми як сол беш аз 1 млн. долларро ташкил медиҳад, инчунин 135 нафар сокинони пойтахт ба кор таъмин мегарданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






