15 СОЛИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК

Май 28, 2009 14:17

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 28 май дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.                          Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо суханони табрикотӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки: «Мо бо мақсади таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ аз рӯзҳои нахустини давлатдории мустақилона, ки кишварамон бинобар сабабҳои маълум, пеш аз ҳама бо сабаби халалдор шудани низоми ҳимояи хатти сарҳад, дар баъзе минтақаҳо ҳатто беназорат мондани он ва ба таври ғайриқонунӣ ворид гардидани яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, адабиёти экстремистӣ ва гурӯҳҳои тахрибкор дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, яъне моҳи ноябри соли 1992 аввал дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил кардем ва баъди даҳ рӯз бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати Кумитаи мазкур Раёсати ҳифзи сарҳадро таъсис додем».                       Президент афзуд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфраструктураи сарҳадӣ, инчунин таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.                          Пас аз анҷоми суханронии Сарвари Давлат байрақи ҷангиро супорид, ки онро Сарфармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон Шералӣ Мирзоев қабул намуда, дар назди ҳозирон савганд ёд кард.                         Дар фарҷом баҳри иштирокчиёни ин чорабинӣ консерти идона баргузор гардид.

Май 28, 2009 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад