17 МАЙ РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ

Май 16, 2009 11:11

                       Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-17 май дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 15 май қарор ба имзо расонд. Тибқи он сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии анъанавии варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.                      Рӯзи дави миллӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз дидбонгоҳи БДА-и «Чорбоғ» оғоз ёфта, дар пули назди иншооти Аквапарк анҷом меёбад. Иштирокдорони дави миллӣ имкон доранд масофаи 10, 5 ва 3 километр қувваозмоӣ намоянд.                    Тибқи иттилои котиби матуботии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин чорабинии варзишӣ, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим аст, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, техникуму литсейҳо, коллеҷҳо ва мактаббачагони таҳсилоти умумӣ, ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт, кормандони вазорату идораҳои мамлакат ва сокинони пойтахт иштирок менамоянд.

Май 16, 2009 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд