18 ҲАЗОР СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ДАВИДАНД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби варзиши сабук байни ҷавонон дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ, 17 май дави миллӣ баргузор гардид. Дар дави миллии дар пойтахт баргузоргардида тақрибан 18 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар масофаи аз 3,5 км то 10 км давиданд. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар масофаи 10 километр байни мардон Амиров Аҷмал ҷойи аввал, Ҳаитов Сотиболдӣ ҷойи дуюм ва Боймуродов Баҳодур ҷойи сеюмро соҳиб гащтанд. Дар байни занон бошад, Мирзоева Нарима ба ҷойи аввал, Эргашова Мадина ҷойи дуюм ва Ҳарисова Зарина ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Дар байни собиқадорони ин намуди варзиш ҷойи аввал насиби Аббос Акбаров, ҷойи дуюм насиби Файзулло Абдуллоев ва ҷойи сеюм насиби А. Бобоҷонов гардид. Ғолибони дави миллӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпӣ ва ҶММ «Шириниҳои Шафоат» бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфарозонида шуданд, ки онро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова супориданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






