40 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ СУҒД САЗОВОРИ ИДРОРПУЛИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ГАРДИДАНД

Май 20, 2009 10:34

                         Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани идрорпулӣ (стипендия)-ҳои раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят баргузор гардид.                        Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш дар ин маҳфил таъкид кард, ки: «Боварии комил дорам, ки донишҷӯён аз ин муваффақиятҳо саргарм нашуда, барои ба зинаҳои баланди камолоти маънавӣ баромадан пайваста кӯшиш менамоянд. Имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда ва шароитҳои мавҷуда барои ин ҳамчун заминаи боэътимод хизмат хоҳад кард».                        Сипас, сарвари вилоят ба 40 нафар донишҷӯён ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус идрорпулии раиси вилоятро тақдим намуд. Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳар як донишҷӯ 600 сомонӣ ва аспирант 700 сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва шумораи умумии гирандагони идрорпулии раиси вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта 9 нафар афзуд.                       Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 19 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 31 нафар донишҷӯён аз 7 макотиби олии вилоят дар доираи баргузории «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» барои як ҳафта соҳиби мансаб шуданд.                     Қоҳир Расулзода инчунин ба иштирокчиёни «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» шаҳодатнома супорид.

Май 20, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад