АНҶУМАНИ ФЕДЕРАТСИЯИ ВАРЗИШИ ҶАНГИ ТАН БА ТАНИ ОСИЁ

Май 28, 2009 10:17

                          Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). — Дар шаҳри Тошканд анҷумани навбатии Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тани Осиё баргузор гардид. Дар он раиси Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тани Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов иштирок дошт.                         Дар анҷуман ҳисоботи раиси Федератсияи варзишгарони ҳаваскори ҷанги тан ба тани қитъаи Осиё дар бораи фаъолияти федератсия дар давоми солҳои 2008 — 2009, ҳисоботи федератсияҳои миллӣ, ҳисоботи раиси ҳайати доварони федератсия, мавриди истифода қарор додани қоидаҳои нави варзиши ҷанги тан ба тан, ҷорӣ намудани варзиши мазкур дар байни занону бачагон ва интихоботи аъзои Кумитаи иҷроияи федератсия муҳокима шуданд.                           Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар доираи анҷумани мазкур дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқоти қаҳрамонии қитъаи Осиё дар намуди варзиши ҷанги тан ба тан баргузор гардид. Дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат варзиданд.Аз ҷумла, варзишгари тоҷик Алиҷон Давлатов дар вазни то 60 килограмм сазовори медали тилло гардид. Варзишгари дигари Тоҷикистон Қиём Мирзоев дар вазни 85 килограмм медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии хотимавӣ бо варзишгари ӯзбек Бобоҷон Тағоев мағлуб шуд. Фаёз Муллоев дар вазни 65 килограмм ва Азимҷон Вайдуллоев дар вазни 70 килограмм медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Май 28, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд