АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ ДУХТУРОНИ ШИКАСТАБАНДИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Кохи Ваҳдат анҷумани нахустини духтурони шикастабанди ҷумҳурӣ баргузор гардид. Онро Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии шикастабандӣ ва табобати бемориҳои устухон, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои сутунмӯҳра, ширкатҳои байналхалқии дорусозии «Гедеон Рихтер», «Никомед» ва «Ротафарм» гузарониданд. Дар анҷуман мутахассисони шикастабанд, олимони муассисаҳои тиббӣ, намояндагони соҳаи тиб аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар доираи анҷуман дар даромадгоҳи Кохи Ваҳдат намоишгоҳи асбобу анҷоми тиббӣ ва доруҳои сохти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ташкил карда шуд. Анҷуманро раиси Кумитаи тадорукони он, вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов кушод. Вай, аз ҷумла, зикр кард, ки анҷумани нахустини духтурони шикастабанди мамлакат ба 50 — солагии ташкили хадамоти шикастабандӣ ва кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино рост омад. Ҳоло дар саросари мамлакат 25 шӯъбаи махсуси шикастабандӣ, 15 бунгоҳи шикастабандӣ ва зиёда аз 35 кабинети шикастабандию табобати бемориҳои устухон фаъолият доранд. Дар давоми ин солҳо дар кафедраи травматология ва ортопедияи Донишгоҳи давлатии тиббӣ зиёда аз 572 духтури шикастабанд тайёр карда шуд. Дар давоми 50 соли фаъолияти Шифохонаи ҷумҳуриявии травматология ва ортопедия бештар аз 1308 асари илмӣ чоп карда, 12 тавсияи методӣ таҳия намуда, 5 асари калонҳаҷми илмӣ ва 5 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ дастраси мутахассисон гардонда шуд. Иштирокчиёни анҷуман масъалаҳои мавриди истифода қарор додани техника ва технологияи навтарини тиббиро дар соҳаи шикастабандӣ, табобати бемориҳои устухон, имкониятҳои ҷарроҳии пластикӣ, барқарор сохтани банду буғум ва роҳу усулҳои дигари табобати беморонро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






