АРЗУ ШИКОЯТИ РОНАНДАГОН БЕШТАР ШУД

Май 12, 2009 14:42

                    Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди бо қарори шаҳрдорӣ дар бораи аз кӯчаҳои «протоколӣ»-и шаҳр баровардни микроавтобусҳо ва тақсими онҳо дар хатсайрҳои нав ду моҳ сипарӣ гардид. Арзу шикояти ронандаҳо дар хатсайрҳои нави ноҳамвору беодам ва аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон дар автобус торафт зиёдтар мегардад.                 Дар мавриди таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов иттилоъ дод, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ барои соли 2009 — 50 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.                   То соли 2011 барои пурра таъмир кардани роҳҳои дохилишаҳрӣ 150 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст ва ҳар сол ба андозаи 50 млн. сомонӣ роҳҳо таъмир карда мешаванд. Ҳукумати шаҳр яку якбора имкони таъмири 700 км роҳеро, ки кӯчаҳои дохилишаҳрӣ ташкил медиҳанд, надорад. То соли 2011 тамоми кӯчаҳои дохили шаҳр аз таъмир бароварда мешаванд,- иброз дошт Акбар Фаёзов.

Май 12, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд