АСАРҲОИ КӮДАКОНИ РАССОМИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ШОС
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 май бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва Котиботи ташкилоти ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов намоиши байналмилалии расмҳои кўдаконаи «Кўдакон расми афсонаҳоро мекашанд» ифтитоҳ мегардад. Дар он 200 номгўи асарҳои кўдакони рассоми шаш давлати аъзои ШОС (Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон)ї ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Дар ифтитоҳи намоиш намояндаҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, устодону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат меварзанд. Дар кори намоиш муовини котиби генералии ШОС Владимир Захаров низ иштирок хоҳад кард. Дар доираи он барои тамошобинон хонандагони мактабҳои миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, санъати ба номи М. Атоев ва Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова бо барномаи консертии хотирмон баромад мекунанд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, мақсад ва вазифаҳои ин намоиш таъмини сулҳ дар минтақа, тарғиби ғояҳои ватандўстӣ, эҳтироми фарҳанги якдигар, ба ин роҳ мустаҳкамгардонии алоқаи байни давлатҳо мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки намоишномаи «Кўдакон расми афсонаҳоро мекашанд» бори аввал соли 2005 дар шаҳри Пекин баргузор гардида, дар он 800 номгўи асарҳои рассомӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Муаллифони асарҳои беҳтарин бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






