БА КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ МЕГУЗАРЕМ

Май 21, 2009 16:08

                      Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бархе корхонаҳои кишвар ба системаи нави пардохти ҳақмузд ва дигар хароҷоти идоравӣ гузаштаанд.                      Бояд қайд намуд, ки минбаъд кормандони онҳо маоши худро тариқи кортҳои пластикӣ дарёфт мекунанд. Ин навъи пардохти маошро таҳлилгарон усули манфиатовар медонанд. Акнун бархе аз корхонаҳои кишвар барои гузаштан ба системаи нави кортҳои пластикӣ шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки пардохт кардани маоши кормандони корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва тарабхонаҳо тариқи кортҳои пластикӣ дар кишварҳои хориҷа чандин солҳо қабл ҷорӣ шуда буд. Феълан ин система дар корхонаҳои Тоҷикистон низ роҳандозӣ мегардад.                       Тавре Абдуқодири Абдуқаҳҳор директори радиои Тоҷикистон зикр намуд, Кумитаи ТВР тасмим гирифтааст акнун тариқи кортҳои пластикӣ барои кормандонашон маош диҳад. Ҳамчунин номбурда дар идома гуфт, ки кормандони кумитаашон аз роҳандозии чунин системаи нав изҳори хушнудӣ кардаанд.                      Инчунин мусоҳиби дигар Мадина Мирзоева, сардори шӯъбаи кор бо низомҳои пардохти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Агроинвестбонк дар робита ба кортҳои пластикӣ гуфт, тариқи кортҳои пластикӣ пардохт кардани маоши кормандони корхонаҳо метавонад барои сарфи вақти кормандон мусоидат намояд. Зеро ба гуфтаи вай кормандон метавонанд дар дилхоҳ вақт маблағи худро аз банкоматҳо бигиранд.

Май 21, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд