БАР АСАРИ САДАМА 20 НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНД
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриамон 10 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида 20 нафари дигар ҷароҳати гуногунӣ ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре аз дафтари матбуоти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рӯзи 4 майи соли равон тахминан соати 11 ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-24» Нуридинҷон Зокиров, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Конибодом-Ғафуров дар километри 35 ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба бетончаҳои дар канори рости роҳ буда бар мехӯрад. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Рӯзиҷон Зокирова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳияи Б. Ғафуров бистарӣ мегардад. Инчунин рӯзи 8 майи соли равон тақрибан соати 9 ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2114 Вайсиддин Юсупов ҳангоми ҳаракат дар километри 12 — ум роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд ба автомашинаи тамғаи ЗИЛ-ММЗ таҳти идораи ронанда Акрамҷон Фозилов бар мехӯрад. Дар натиҷа 2 нафар мусофирони автомашинаи тамғаи ВАЗ-2114 ва ноболиғ Беҳруз Юсупов, соли таваллудаш 2005 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Б. Ғафуров бистарӣ мегарданд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






