БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Таҳкиму густариши табодули таҷриба дар бахши ҳарбию низомии Тоҷикистону Қазоқистон тақозои вақт аст», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо вазири мудофиаи Қазоқистон Дониёл Ахметов, ки имрӯзҳо бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. М. Убайдуллоев ташрифи меҳмононро, ки дар чаҳорчӯбаи сиёсат ва муносибатҳои ҳасанаю дӯстонаи Сарони кишварҳо сурат мегирад, нек арзёбӣ намуд. Вай зикр сохт, ки ҷониби Тоҷикистон аз кӯмакҳои техникию низомӣ, таҳсил ва бозомӯзии кадрҳои низомӣ дар муассисаҳои ҳарбиву таълимӣ ва табодули таҷрибаҳои ҳарбӣ — техникӣ дар заминаи субъектҳои вазорати мудофиаи Қазоқистон қаноатманд аст. Ва дурнамои ҳамкориҳои вазоратҳои марбутаро дар самти таъмини амнияти минтақаю ҷаҳон, муборизаи дастаҷамъона алайҳи зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътимодбахш медонад. Таъкид шуд, ки маҳз ҳамин эътимод буд, ки ҳангоми барқарории сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ низомиёни Қазоқистон дар ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ҷоннисориҳо намуда, дар риояи паймони бародарӣ садоқат нишон доданд. Имрӯз чун сипоси мардуми тоҷик дар Боғи «Дӯстии халқҳо»-и Душанбе муҷассамаи ёдгорӣ барои 35 нафар фавтидагони низомии кишвари дӯсти Қазоқистон гузошта шудааст. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дигари ҳамкориро, ки дар маркази таваҷҷӯҳи сарони кишварҳои дӯст қарор доранд, баррасӣ карданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






