БАРРАСИИ НАҚШАҲОИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ АВСТРИЯ

Май 12, 2009 14:30

                     Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Душанбе машварати сиёсии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистон дар ин мулоқот таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев ширкат варзид. Ба ҳайати Австрия директори департаменти мамлакатҳои Аврупои Ҷанубию Шарқӣ, Ҷануби Қафқоз ва Осиёи Марказии вазорати федералии масъалаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Австрия, сафир Ф.И.Куглич роҳбарӣ кард.                   Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории ҳар ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Иштирокчиёни мулоқот инчунин масъалаҳои марбут ба сафарҳои расмӣ ба мамлакатҳои ҳамдигар, ҳамкории минтақавӣ, тайёрӣ ба маҷлиси Комиссияи муштараки ҳамкории Тоҷикистону Австрия ва ғайраро муҳокима карданд.

Май 12, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд