БЕМОРИИ A (H1N1) МАМЛАКАТҲОИ НАВРО ФАРО МЕГИРАД

Май 28, 2009 14:40

                        Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 27 май хабар дод, ки бемории A(H1N1) то имрӯз 48 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин мамлакатҳо 13 ҳазору 398 нафар гирифтори ин беморӣ гардид. Аз, ин ҷумла, то имрӯз 95 нафар вафот кард. Хабар дода мешавад, ки бемории мазкур дар 20 мамлакати Аврупо низ ба қайд гирифта шуд. Дар Федератсияи Русия 2 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуд. Умуман дар мамлакатҳои Аврупо 376 нафари ба ин бемории хавфнок мубталогардида ба қайд гирифта шуд.                        Дар хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта мешавад, ки дар Мексика аз 4 ҳазору 541 нафари ба ин бемории хавфнок гирифторшуда 83 нафар вафот кардааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 6764 нафар ба ин беморӣ гирифтор гардид. То имрӯз 10 нафари онҳо вафот кард.                      Дар ин бора аз дафтари матбуоти СММ хабар доданд.  

Май 28, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд