БИЛЛ КЛИНТОН НАМОЯНДАИ МАХСУСИ СММ ДАР ГАИТИ ТАЪИН ШУД

Май 19, 2009 11:54

                        Вашингтон, 19 май. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру ). — Президенти собиқи ИМА Билл Клинтон намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Гаити таъин шуд.                         Рӯзномаи «Майами Хералд» менависад, ки Б.Клинтон даъвати муншии умумии СММ Пан Ги Мунро барои ишғоли вазифаи мазкур қабул намуд. Пан Ги Мун дар бораи ба ин вазифа таъин гардидани Б.Клинтон имрӯз расман хабар медиҳад.                        Вазифаи Клинтон ҷалби сармояи хориҷӣ ба Гаити мебошад, ки яке аз давлатҳои қашшоқтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Соли 2008 дар ин ҷо дар натиҷаи якчанд тӯфон қариб 800 нафар ҳалок шуд, ба иқтисодиёти мамлакат ба маблағи як миллиард доллар зарар расид.                      «Вашингтон Пост» хабар медиҳад, ки Б.Клинтон ҳанӯз соли 2004 дар ташкили расондани кӯмак ба Гаити саҳм гузошта буд. Фонди шахсии Б.Клинтон барои расондани кӯмак ба қариб 200 миллион нафар сокини эҳтиёҷманди мамлакатҳои ҷаҳон бештар аз 46 миллиард доллар сарф кардааст.

Май 19, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд